-
Кеплер: Ҳаракати киштиҳо дар Тангаи Ҳурмуз ба пасттарин сатҳ дар 3 ҳафтаи гузашта расид
Ширкати «Кеплер», ки дар соҳаи иттилооти киштиронии фаъолият мекунад, эълон кард, ки ҳаракати киштиҳо дар Тангаи Ҳурмуз рӯзи панҷшанбе ба пасттарин сатҳи худ дар се ҳафтаи гузашта расидааст.
-
Ҳамлаи артиш ба зарфи сӯзишвории Амрико ва чанд пули пайвандӣ дар Баҳрайн
Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар марҳилаи понздаҳуми амалиёти «Барқ», пойгоҳ ва марказҳои артиши террористии Амрико ва чанд пули пайвандиро дар Баҳрайн бо беспилотҳои вайронкунанда ҳадаф қарор дод.
-
Мухолифати Ироқ бо васеъшавии ҷанг дар минтақа
Вазири умури хориҷаи Ироқ мухолифати кишварашро бо ҷанг, идома ва васеъшавии домонаи он дар минтақа таъкид кард.
-
Ҷунбиши муҷоҳидини Фаластин: ҳамла ба маросими ташкиёз дар Ғазза, идомаи куштор аст
Ҷунбиши муҷоҳидини Фаластин бо маҳкум кардани ҳамлаи режими сионистӣ ба маросими ташкиёз дар лагери Найсайрот, ин амалро идомаи ҷанги куштор бар зидди мардуми Ғазза донист.
-
Вахм дар бандари Янбуи Арабистон; огоҳкунандаҳои хатар фаъол шуданд
Манбаъҳои хабарӣ аз ба садо даромадани огоҳкунандаҳои хатар дар бандари Янбуи Арабистон хабар доданд. Ин рӯйдод дар сояи шиддатҳои минтақавӣ ва густариши домони ноамнӣ ба умқи кишварҳои ҳомии сиёсатҳои Вашингтон сурат гирифтааст.
-
Узви Ансоруллоҳ: Арабистон ҳаққи дахолат дар умури Яманро надорад
Ҳазом ал-Асад, узви дафтари сиёсии Ансоруллоҳ, бо рад кардани ҳама гуна ҳаққи дахолати Арабистон дар умури Яман, таъкид кард, ки ин кишвар мустақил аст ва аз ҳуқуқҳои худ ақибнишинӣ нахоҳад кард.
-
Шикасти системаҳои муҳофизатии ИМА ва иттифоқчиёнаш дар баробари қудрати мушакии Эрон
Гузоришҳо аз шикасти фоҷеабори системаҳои муҳофизатии ИМА ва иттифоқчиёнаш дар баробари қудрати мушакии Эрон дарак медиҳанд.
-
Нобудсозии ҷангандаҳо ва сӯзишвораҳои амрикоӣ дар Урдун
Разандони Ислом бо ҳамлаҳои мушакию пилотҳои бесарнишин чанд ҷанганда ва сӯзишвори амрикоиро дар Урдун нобуд ва ба таҷҳизоти дигар зарари ҷиддӣ расонданд.
-
Вокуниши раиси кумиссияи амнияти миллии Маҷлис ба ҳамлаҳои Амрико
Раиси кумиссияи амнияти миллии Маҷлис гуфт: «Ҷануби сарфароз ҳамеша сангари дифои Эрон буда, дили ҳамаи ҳамватанон онҷост».
-
Нақшаи душман барои ҳамла ба Эрон; ин ҷанг танҳо низомӣ нест
Гуяндаи радиои «Иқтисод» бо ишора ба тамаркузи ҳамлаҳои охирини Амрико ба устоҳои ҷанубии Эрон ва соҳилҳои Халиҷи Форс, ин амалро қисме аз нақшаи низомии барномарезӣ шумурд, ки ҳадафаш иқтисодӣ аст.
-
Ҳамлаи ғофилонаи Эрон ба маркази фармондеҳии пойгоҳи низомии Амрико дар Сурия
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон эълом кард, ки маркази фармондеҳии амалиёти махсуси низомиёни Амрико дар минтақаи «Ат-Танф» дар Сурияро ба ҳамлаи ғофилона гирифтор кардааст.
-
Ҳамлаи пилоти бесарнишини режими сионистӣ ба ҷануби Лубнон
Артиши режими сионистӣ як мототсиклро дар роҳи «Ал-Байёда – Ан-Нокӯра» дар минтақаи Сӯр дар Лубнон бо ҳамлаи пилоти бесарнишин ҳадаф қарор дод.
-
Пирӯзии Эрон бар Амрико ва режими сионистӣ пирӯзии тамоми уммат аст
Абдулмалик Бадруддин ал-Ҳусӣ бо изҳори он, ки Эрон қалъаи мустаҳкам барои миллатҳои минтақа аст, гуфт, ки Амрико ва Исроил ва тарафҳое, ки дар меҳвари онҳо мечарханд, манбаи шароре ҳастанд, ки устувории ҷаҳониро таҳдид мекунанд.
-
Дархости Чин ва Покистон барои оташбас ва азсаргирии музокирати Эрон ва Амрико
Вазири корҳои хориҷии Чин аз ҳама тарафҳо хоҳиш кард, ки ба уҳдадориҳои худ вафодор бошанд ва ёддошти оташбас миёни Эрон ва Амрикоро иҷро кунанд.
-
Ҳамлаи шадиди ҳавоӣ ба маркази Ғазза
Манбаъҳои хабарӣ аз вайронкунии васеи оташбас аз ҷониби режими сиёнистӣ ва ҳамлаи шадиди ҳавоии ин режим ба маркази Ғазза хабар доданд.
-
Иҷрои марҳилаи нуҳуми амалиёти «Соъиқа»-и артиш / Ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳи Амрико дар Урдун
Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон чанд соат пеш, дар марҳилаи нуҳуми амалиёти «Соъиқа» ва дар посух ба таҷовузҳои душман, системаҳои алоқа ва зарфҳои сӯзишвории артиши террористии Амрико дар Урдунро бо паҳподҳои нобудсозӣ ҳадаф қарор дод.
-
Сухангӯи артиш: Амрико наметавонад гулӯгоҳи Ҳурмузро боз кунад
Сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломӣ гуфт: то вақте ки Амрико низоми қонунгузории Эрониро напазирад ва механизме, ки бар иродаи Эрон асос ёфтааст, дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳукмфармо нашавад, ин гулӯгоҳ баста хоҳад монд.
-
Амалиёти Эрон дар ҳоли ҳозир ба нобудсозии инфрасохтори ҳуҷумии Амрико равона шудааст
Сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард: амалиёти Эрон дар ҳоли ҳозир ба нобудсозии инфрасохтори ҳуҷумии Амрико дар минтақа равона шудааст. Сипас қадамҳои навбатӣ оғоз хоҳанд шуд.
-
Заҳрабӣ: бароварди хисороти экологӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз дар дасти баррасӣ аст
Муовини муҳити зисти табиӣ ва гуногунии зистӣ дар Созмони ҳифзи муҳити зист гуфт, ки бароварди хисороти экологӣ ба гулӯгоҳи Ҳурмуз ва экосистемаҳои баҳрӣ дар дасти таҳқиқ аст.
-
Артиш: пойгоҳҳо ва марказҳои Амрико дар Кувайт ва Баҳрайн ҳадаф қарор гирифтанд
Якчанд соат пеш, системаҳои радарӣ ва муҳофизатии артиши террористии Амрико дар Кувайт ва Баҳрайн бо паҳподҳои нобудсозии артиш ҳадаф қарор гирифтанд.
-
Нобудсозии радари кашф ва назорати ҳавоӣ дар пойгоҳи Шайх Исо дар Баҳрайн
Раёсати робитаҳои умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом кард: радари кашф ва назорати ҳавоӣ ва истгоҳи помпаи зарфҳои сӯзишвории ҷангандаҳои душмани таҷовузкор дар пойгоҳи Шайх Исо дар Баҳрайн нобуд карда шуд.
-
Қароргоҳи Хотам: ба инфрасохтор зарба занед – ҳар чи инфрасохтор дар минтақа боқӣ мондааст, мо мезанем
Сухангӯи Қароргоҳи марказии Хотам-ул-Анбиё дар ҳушдор ба душманон изҳор кард: ба инфрасохтор зарба занед – ҳар чи инфрасохтор дар минтақа боқӣ мондааст, мо мезанем.
-
Расиидани дақиқи мушакҳои Эрон ба пойгоҳи террористҳои Амрико дар Урдун
Расонаҳои минтақавӣ бо интишори тасвирҳо, аз расидани мустақим ва муваффақи мушакҳои Эрон ба пойгоҳи низомиёни террористи Амрико дар шимолу шарқи Урдун ва ворид шудани зарарҳои вазнин ба он хабар доданд.
-
Ансорулло: «Тӯфони Ақсо»-ро то нестии Исроил идома хоҳем дод
Узви бюрои сиёсии ҷунбиши Ансоруллои Яман бар идомаи дастгирии муқовимати Фаластин таъкид кард ва гуфт: бо роҳбарони муқовимат паймон мебандад, ки Тӯфони Ақсоро то нестии Исроил идома диҳем.
-
Муодилаи нави яманиҳо дар баробари таҷовузгарони саудӣ
Санъо бо фаъолсозии муодилаи нави «чашм дар баробари чашм», ба ширкатҳои байналмилалии ҳавоӣ ҳушдор дод, ки аз фазои ҳавоии Арабистони Саудӣ убур накунанд.
-
Пезишкиён: ҳар сухане шоистаи посухи мутақобил аз ҷониби Эрон нест
Президент дар посух ба изҳороти президенти Амрико ин суханонро «беодобона» тавсиф кард ва гуфт, ки чунин изҳорот хоси гӯяндагони он аст ва шоистаи посухи мутақобил аз ҷониби Эрон нест.
-
Бақоӣ: рӯйхати ҷиноятҳои Амрико бар зидди эрониён ҳар рӯз дарозтар мешавад
Исмоил Бақоӣ ҳамла ба пости сармуҳофизи муҳити зист дар устони Ҳурмузгонро охирин намунаи ҷинояти ҷангии Амрико бар зидди миллати Эрон донист ва илова кард: рӯйхати ҷиноятҳои Амрико бар зидди эрониён ҳар рӯз дарозтар мешавад.
-
Ғарибободӣ: дар Умон пешниҳоди масири нави гузари киштиҳоро пешниҳод кардем
Муовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ бо ишора ба пешниҳоди масири нави гузари киштиҳо дар Умон гуфт: дар Масқат таъкид кардем, ки масири ҷанубии Тангаи Ҳурмузро дар ҳеҷ шароите намепазирем.
-
Сепоҳ: анборҳои нигоҳдории силоҳ ва рампҳои ҳавоипаймоҳои бесарнишини MQ‑9-ро ҳадаф қарор додем
Сепоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар эълонияе хабар дод, ки якчанд анбори нигоҳдории силоҳ, қисмҳои киштиҳо ва ҳавоипаймоҳои душман ва рампҳои ҷойгирсозии ҳавоипаймоҳои бесарнишини MQ‑9 дар мавҷи севум ҳадаф қарор гирифтанд.
-
Аксарияти амрикоиҳо ба таҷовузи кишварашон бар Ирон мухолифанд
Натиҷаҳои як пурсиш дар Амрико нишон медиҳанд, ки аксарияти иштироккунандагон ба таҷовузи ин кишвар бар Ирон мухолифанд.