13 Июл 2025 - 13:27
Source: ABNA
Нетаняҳу масъулияти террори донишмандони эрониро бар ӯҳда гирифт

Нахустназири режими саҳюнистӣ барои нахустин бор масъулияти террори донишмандони эронӣ дар солҳои гузаштаро бар ӯҳда гирифт; иқдоме, ки режими Телавив, пеш аз ин онро рад мекард.

Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт (а) — Абна — Бенямин Нетаняҳу нахустназири режими саҳюнистӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи Фокс Нюз ба собиқаи ҳукумати террористиаш ишора кард ва масъулияти террори донишмандони Эрон дар солҳои гузаштаро бар ӯҳда гирифт ва гуфт: "Мо қаблан ҳам донишмандони эрониро ҳазф кардаем, аммо дар ҷанги ахир, чеҳраҳои хеле барҷастатареро ҳадаф қарор додем."

Бенямин Нетаняҳу ҳамчунин эълом кард: "Бо Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико барои оддисозии равобит бо кишварҳои арабӣ талош мекунад."

Вай эълом кард: "Телавив дар талош аст то ба тавофуқе барои барқарории оташбаси 60-рӯза дар навори Ғазза даст ёбад."

Нетаняҳу ҳамчунин гуфт: "Дар сафари ахири худ ба Иёлоти Муттаҳида бо Доналд Трамп дар бораи дастиёбӣ ба тавофуқе дар Ғазза ҳамкорӣ доштааст ва ибрози умедворӣ кард, ки ин талошҳо ба натиҷа бирасад."

Даъвои нахустназири режими саҳюнистӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки вай ба унвони муҳимтарин монеъ барои расидан ба тавофуқ барои табодули асоро бо Ҳамос қаламдод мешавад.

Нетаняҳу дар идома муддаӣ шуд: "Дар ниҳоят ба ҳамаи аҳдофи худ дар Ғазза аз ҷумла нобудии Ҳамос хоҳем расид."

Нахустназири режими саҳюнистӣ бидуни ишора ба хисоротҳои зиёде, ки ин режим дар ҷанг бо Эрон мутаҳаммил шудааст, дар изҳороти ғайривоқеӣ муддаӣ шуд: "Телавив пирӯзии бузурге дар баробари Эрон ба даст овардааст ва ин масъала метавонад заминасози рушди чашмгире бошад!"

Вай бидуни ишора ба мушкилоти дохилӣ, ки вайро водор кардааст барои фирор аз он ба ҷангҳои хориҷӣ даст бизанад, иддао кард: "Ҳукумати Эрон дар вазъияти хеле душворе қарор дорад ва бояд таҳти назорат боқӣ бимонад."

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha