13 Июл 2025 - 13:29
Source: ABNA
Як гурӯҳи вобаста ба ДОИШ 66 нафарро дар шарқи Конго куштанд

Мақомоти Ҷумҳурии Демократии Конго эълом карданд, ки шӯришиёни вобаста ба ДОИШ 66 нафарро дар шарқи ин кишвар куштанд.

Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт (а) — Абна — мақомоти Ҷумҳурии Демократии Конго эълом карданд, ки шӯришиёни вобаста ба ДОИШ 66 нафарро дар шарқи ин кишвар куштанд.

Мақомоти маҳаллии Конго шӯришиёни «Нерӯҳои муттаҳиди демократӣ»-ро, ки бо ДОИШ муртабит аст, масъули ҳамла ба ғайринизомиён дар минтақаи «Ируму» ва қатли онҳо муаррифӣ карданд.

«Марсел Палуко» аз мақомоти маҳаллӣ дар Ируму дар марзи Уганда изҳор кард, ки қурбониён бо қама ва қадораву корд кушта шуданд ва дар миёни кушташудагон занон низ ҳастанд.

Ҳамчунин шуморе аз афрод низ гаравгон гирифта шудаанд, ки аз теъдоди онҳо ҷузъиёте мунташир нашудааст.

«Жан Тӯбӣ Укола» сухангӯи дафтари Созмони Милал дар шарқи Конго, куштари ин ғайринизомиёнро «ҳаммоми хун» тавсиф кард.

Нерӯҳои муттаҳиди демократӣ як гурӯҳи угандӣ аст, ки доманаи ҳамлаҳои он ба шарқи Конго низ кашида шудааст.

Шумори ситезаҷӯёни нерӯҳои муттаҳиди демократӣ мушаххас нест. Ин гурӯҳ мураттабан ба ғайринизомиён ҳамла мекунад.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha