Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт(а) ـ Абна ـ роҳпаймоии Арбаини Ҳусайнӣ дар соли 1447 ҳиҷрии қамарӣ аз минтақаи Раъс-ул-Биша дар дурдасттарин нуқтаи Ироқ, яъне Фов, ба самти Карбало оғоз шуд. Зоирони Арбаини Ҳусайнӣ зери офтоби сӯзон ва ҳавои бисёр гарм, пиёдаравии худ ба самти қиблаи аҳрорро оғоз карданд. Масири Раъс-ул-Биша то Карбало беш аз 600 километр аст ва ҳарорати ҳаво низ ин рӯзҳо беш аз 50 дараҷаи Селсий аст, аммо бо ин вуҷуд зоирон пой пиёда барои ширкат дар маросими Арбаини Ҳусайнӣ ба Карбало мераванд. Гуфтанӣ аст, пиёдаравӣ ё роҳпаймоии Арбаин аз ойинҳои шиъӣ аст, ки дар рӯзҳои мунтаҳӣ ба 20 сафар (Арбаини Ҳусайнӣ) ба тарафи Карбало ва бо ҳадафи зиёрати Арбаин баргузор мешавад. Ин пиёдаравӣ аз нуқоти мухталифи Ироқ ва бархе шаҳрҳои Эрон анҷом мешавад ва дар тӯли масирҳои роҳпаймоӣ, ҷойгоҳҳое барои пазироии аз зоирон вуҷуд дорад, ки мокаб хонда мешавад.

Роҳпаймоии Арбаини Ҳусайнӣ дар соли 1447 ҳиҷрии қамарӣ аз минтақаи Раъс-ул-Биша дар дурдасттарин нуқтаи Ироқ, яъне Фов, ба самти Карбало оғоз шуд.
Your Comment