Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт (а) — Абна — Басиҷи расона ва Маркази Басиҷи расонаи миллӣ тайи баёнияе муштарак эълом карданд: Бо шиносоӣ ва тасдиқи ҳувияти се тани дигар аз фаъолони расонаӣ, ки дар ҷараёни таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ ба кишвар ба шаҳодат расидаанд, шумори шаҳидони расонаии ҷанги ахир ба 12 нафар расид. Ин созмон ҳамчунин хостори пайгарди байналмилалии омилони куштари ин хабарнигорон шуд.
Дар ин баёния омадааст: Шаҳид Абулфазл Фатҳӣ, аккос ва хабарнигори хабаргузории Басиҷ ва шаҳид Солеҳ Бойрамӣ, графисти расонаҳои мухталиф аз ҷумла нашрияи "Андешаи Пӯё" ва ҳамчунин шаҳида Фотима Солеҳӣ, мудири пойгоҳи иттилоърасонии «Соваҷнамо» ва хабарнигори пойгоҳи «Титл 1» дар устони Албурз, ки пештар маҷрӯҳ шуда буд, ба ҷамъи шаҳидони расонаӣ пайваст.
Пештар шаҳодати 9 тан аз хабарнигорон, тасвирбардорон ва фаъолони расонаӣ, ки дар асари ҳамлаҳои мустақим ва ҳадафманди режими саҳюнистӣ ба марокизи расонаӣ аз ҷумла сохтмони Садо ва Симо ва маркази расонаии «Баён» ҷон бохта буданд, эълом шуда буд. Дар ҷараёни ин ҳамлаҳо, илова бар шаҳодати ин азизон, беш аз 10 нафар низ захмӣ шуда ва таҳти дармон қарор гирифтанд.
342/
Your Comment