8 Август 2019 - 08:13
Раҳбари муаззами инқилоб: Ҷавонони нухбаи эронӣ бояд марзҳои дониш ва фанновариро ба пеш бибаранд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд, пешрафти илмии судманд барои Эрон, бо нигоҳи инқилобӣ ва мубтанӣ бар тафаккури исломӣ имконпазир аст ва бояд ҷавонони нухба ҳадафи аслии худро расидан ба марзҳои дониш ва фанноварӣ ва пеш бурдани ин марзҳо қарор диҳанд.

(ABNA24.com) Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд, пешрафти илмии судманд барои Эрон, бо нигоҳи инқилобӣ ва мубтанӣ бар тафаккури исломӣ имконпазир аст ва бояд ҷавонони нухба ҳадафи аслии худро расидан ба марзҳои дониш ва фанноварӣ ва пеш бурдани ин марзҳо қарор диҳанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори ҷамъе аз ҷавонони нухба ва соҳибмедал дар олимпиадаҳои илмии ҷаҳонӣ ва ҳамчунин аъзои тими миллии волейболи ҷавонони кишвар, ки бар боми қаҳрамонии ҷаҳон истоданд, бо таҷлил аз жарфнигарӣ, хирадварзӣ ва ақлонияти ҷавонони нухба, роҳи нухбагиро роҳе беинтиҳо донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба ақибмондагиҳои таҳмилшуда ба миллати Эрон дар яке ду қарни ахир, дар даврони Қоҷор ва Паҳлавӣ ишора карданд ва афзуданд: “Бо ҳамаи талошҳое, ки баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ, ба вижа дар бист соли ахир дар хусуси ҳаракати илмӣ ва фанноварӣ анҷом шуда, вале мо ҳанӯз ақибмондагии зиёде дорем ва муҳимтарин вазифаи насли ҷавони нухба, илова бар идомаи пуршитоби масири муваффақиятомези илмӣ, пеш бурдани марзҳои дониш ва фанноварӣ аст”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба қарор гирифтани Эрон дар рутбаҳои болои фанноварии “нано” таъкид карданд, акнун интизор ин аст, ки ҷавонони нухба ва насли баъдӣ садҳо мавриде монанди “нано” ва падидаҳои ношинохтаи илмии зистфанновариро кашф кунанд ва фақат ба идомаи масири пешрафти илмӣ басанда нашавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо қадрдонӣ аз иқдоми ҷавонони нухбаи эронӣ дар эҳдои медалҳои худ ба эшон, хотирнишон карданд, ин иқдом эҳдо ба шахс нест, балки эҳдо ба як намод аст ва ман зимни пазириши ин медалҳо, онҳоро ба ҷавонони азиз ва нухба боз хоҳам гардонд то назди худашон боқӣ бимонад.



/129