Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Алҷазира, сухангӯи эътилофи таҳти фармондеҳии Арабистони Саудӣ субҳи имрӯз панҷшанбе аз раҳгирӣ ва нобудсозии як паҳпод дар минтақаи Риёз хабар дод.
Расонаҳо бомдоди имрӯз аз таваққуфи парвозҳо дар фурудгоҳи Риёзи Арабистони Саудӣ хабар дода буданд.
Сухангӯи Қувваҳои мусаллаҳи Яман шаби гузашта эълом кард, ки фурудгоҳи Малик Холидри Риёзро бо се мушки болдор ҳадаф қарор додаанд ва ин амалиёт бо муваффақият ҳадафҳои худро таҳаққуқ кард.
Дар тозатарин мавҷи таваққуфи парвозҳо ба фурудгоҳҳои Арабистони Саудӣ аз бими ҳамлаҳои Яман, Бангладеш эълом кард, ки таваққуфи парвозҳои ин кишвар ба Риёз пойтахти Арабистони Саудӣро ба сабаби нигаронӣ аз масъалаҳои амниятӣ то 30 ноябр тамдид кардааст.
Your Comment