Ба гузориши агентӣи хабарӣи Абна ба нақл аз Ал-Арабия, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистон дар Истанбул нахустин ҷаласаи Кумитаи стратегии сиёсӣ ва мудофиавӣ оид ба Созишномаи Маккаро баргузор карда, эъломияи муштарак сар доданд.
Дар ин эъломия омадааст:
-
Ҷаласаи имрӯз қадами муҳим дар ростои пешбурди Созишномаи Макка аз имзо ба иҷро мебошад.
-
Дар бораи қадамҳои оянда барои муассисасозии ҳамкорӣ мувофиқа ҳосил шуд.
-
Дар Арабистони Саудӣ котибот барои дастгирии фаъолиятҳои се кишвар таъсис дода мешавад.
-
Покистон барои давраи аввали сесола раисии котиботро бар ӯҳда хоҳад дошт.
-
Барои амалисозии созишнома барои ноил шудан ба сулҳ ва устуворӣ дар минтақа қатъӣ ҳастем.
-
Се кишвар талошҳои худро барои коҳиши шиддатҳо ва худдорӣ идома хоҳанд дод ва ба сулҳ ва устувории минтақавӣ мусоидат хоҳанд кард.
-
Се кишвар бар табиати мудофиавии шарикӣ ва принсипи эҳтироми мутақобили ҳокимияти кишварҳо таъкид мекунанд.
-
Дар бораи боло бурдани қобилиятҳои мудофиавии се кишвар мувофиқа ҳосил шуд. Ҳамкорӣ тақвияти саноати мудофиавӣ, рушди истеҳсолот ва технологияро дар бар хоҳад гирифт.
-
Се кишвар боздорандагӣ ва мудофиаи дастаҷамъиро дар миёни худ тақвият хоҳанд дод ва мувофиқа карданд, ки ба барқарорсозии сулҳ дар минтақа ва фаротар аз он мусоидат кунанд.
Your Comment