Ба гузориши хабаргузории «Абно» ба нақл аз Маркази иттилоотии Фаластин, шабакаи 14-и телевизиони режими сиёнистӣ бо ишора ба интишори як харита дар воситаҳои ахбори мисрӣ «Cairo24» хабар дод: «Оё бӯҳрони сиёсии дигаре дар роҳ аст? Дар Миср Исроилро аз харита ҳазф карданд».
Тибқи ин гузориш, сомонаи хабарӣ Cairo24 рӯзи гузашта харитае марбут ба низоми нави дипломи миёна дар Миср интишор кард, ки дар он дар шимолу шарқи кишвар номи «Фаластин» сабт шуда ва ҳеҷ ишорае ба номи «Исроил» нашудааст.
Дар шарҳи ин харита омадааст: «Ҳозир дар миёни саҳифаҳои таърих; Фаластин дар харитаи сиёсии Миср дар барномаи нави дарсии низоми дипломи миёна пайдо мешавад».
Шабакаи 14-и телевизиони режими сиёнистӣ таъкид кард, ки интишори ин харита бо назардошти он ки Миср аз соли 1979 бо ин режим робитаҳои дипломатӣ ва созишномаи сулҳ дорад, қобили таваҷҷуҳ аст ва илова кард, ки ин мавзӯъ бояд боиси нигаронии Вазорати корҳои хориҷии Исроил гардад.
Ин воситаи ахбории сиёнистӣ инчунин аз Тел-Авив хостори посух шуд ва таъкид кард, ки «Исроил бояд равшан кунад, ки чунин амал барои он қобили қабул нест».
Your Comment