Ба гузориши хабаргузории «Абна», рӯзномаи ибрӣзабони «Маарив» бо ишора ба ҳодисаи амниятии охир дар деҳаи Маҷдал Зун дар ҷануби Лубнон, ки ба ҳалокати ду низомии сионистӣ ва маҷрӯҳияти шадиди 4 нафари дигар овард, навишт, ки Ҳизбуллоҳ дар ҳоли тағйири қоидаҳои бозӣ аст ва ин ҳамон даркест, ки нигаронии артиши Исроилро ба вуҷуд овардааст.
Ин гузориш меафзояд, ки ҳодиса дар Маҷдал Зун дар ҷануби Лубнон, нишонае аз раванди номусоид барои рӯзими сионистӣ маҳсуб мешавад.
Мувофиқи эълони Маарив, Ҳизбуллоҳ дар талош аст, то ҷанги партизанӣ дар майдони набард ба роҳ монад ва артиши Исроил рӯзи чоршанбе бо сустӣ ва сардаргомиҳо амал кард.
Дар асоси ин гузориш, рӯзҳои оянда барои артиши Исроил дар ҷабҳаи соҳили ғарбӣ низ пур аз мушкилот хоҳад буд.
Воситаҳои ахбори рӯзими сионистӣ дирӯз аз ҳалокати ду низомии сионистӣ ва маҗрӯҳияти чаҳор нафари дигар дар амалиёти низомӣ дар ҷануби Лубнон хабар доданд. Сухангӯи артиши ин рӯзим аз ҳалокати як афсар бо дараҷаи майор ба ҳайси фармондеҳи гурӯҳон ва як низомии дигари сионистӣ ҳамроҳ бо маҷрӯҳияти 4 нафари дигар дар рӯзи гузашта дар ҷануби Лубнон хабар дод.
Дар ҷузъиёти ин ҳодиса омадааст, ки дирӯз нисфирӯзӣ тақрибан соати 12 нерӯҳои артиши Исроил, ки ба гурӯҳи размии бригадаи 55 тааллуқ доштанд, дар минтақаи деҳаи Маҷдал Зун дар ҷануби Лубнон фаъолият мекарданд. Ҳангоми амалиёт, нерӯҳо вориди биное дар он минтақа шуданд. Ҳангоми вуруди нерӯҳо ба бино, таркише рух дод, ки эҳтимол меравад дар натиҷаи як бомбаи канори роҳ, ки дар он ҷо коргузорӣ шуда буд, ба вуҷуд омада бошад.
Your Comment