4 Август 2026 - 16:26
Source: ABNA
Қатар, Миср ва Туркия: Мо вайрон кардани оташбасҳои пайвастаи Исроил дар Ғаззаро маҳкум мекунем

Қатар, Миср ва Туркия дар изҳороте эълом доштанд: мо вайрон кардани оташбасҳои пайвастаи Тел-Авив дар Ғаззаро маҳкум карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳем, ки (режими) Исроилро барои риояи созишномаи оташбас фишор орад.

Ба гузориши агентсии хабарии Абна ба нақл аз Алҷазира, Қатар, Миср ва Туркия бо нашри изҳороти муштарак эълом доштанд: «Мо ҳамчун кишварҳои миёнарав, вайрон кардани оташбасҳои пайвастаи Исроил дар ноҳияи Ғаззаро маҳкум карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳем, ки Исроилро барои риояи созишномаи оташбас фишор орад.»

Дар изҳороти муштараки Қатар, Миср ва Туркия дар ин бора омадааст: «Мо талаб ба ҳимояи ғайринизомиён, марказҳои тиббӣ ва кӯмакрасонҳо, инчунин фиристодани кумак ба Ғазза дорем. Амалҳои вайронкунандаи Исроил раванди паст кардани шиддатро таҳдид карда, ранҷу азоби ғайринизомиёнро дар ноҳияи Ғазза шадидтар мекунад. Амалҳои вайронкунандаи Исроил татбиқи марҳилаи дуюмро, бахусус пас аз розӣ шудани Ҳамос ва гурӯҳҳои фаластинӣ ба нақшаи роҳ, заиф хоҳад кард.»

Your Comment

You are replying to: .
captcha