Ба гузориши агентсии хабарии Абна, шабакаи телевизионии CBS низ бо истинод ба мақомоти Амрико, даъвои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико, дар бораи машваратҳо миёни Вашингтон ва Теҳронро рад кард.
Тибқи эъломи ин расона, мақомоти Амрико гуфтанд, ки сарфи назар аз даъвои Трамп, ҳеҷ гуна музокираи нав бо Эрон ба нақша гирифта нашудааст. Тамосҳо тавассути миёнаравон идома доранд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан манбаъҳои Покистон ба агентсии Анатолӣ гуфта буданд, ки ҳанӯз «ҳеҷ вақт ё маконе» барои аз сар гирифтани гуфтугӯҳо миёни Эрон ва Амрико ниҳоӣ нашудааст.
Аз тарафи дигар, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати Корҳои Хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар бораи ниҳоӣ кардани машваратҳо бо Умон гуфт: «Барои он ки ибҳом пайдо нашавад, бояд бигӯям, ки мо акнун бо Амрико музокирае надорем; музокирот бо Умон аст; дар бораи тавофуқ дар масире, ки бехатарии киштигарӣ аз Тангаи Ҳурмузро таъмин мекунад. Кӯшиши мо ин аст, ки дар аввалтарин фурсат, бо машварат ва ҳамкории Умон, масире муайян кунем, ки хусусияти муваққатӣ дошта бошад ва бар асоси он битавонем бехатарии киштигариро дар Тангаи Ҳурмуз таъмин кунем. Ин музокирот дуҷониба, байни ду давлати соҳилӣ аст. Тамаркузи музокирот бо Умон дар мавриди Тангаи Ҳурмуз хоҳад буд ва масъалаҳое ки ба Эрон ва Амрико марбутанд, бояд дар марҳилаҳои баъдӣ бубинем, ки вазъият ба кадом сӯ ва самт хоҳад рафт.»
Your Comment