Ба гузориши хабаргузории «Абна» ба нақл аз «Ал-Масира», сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки мавқеъҳо ва пойгоҳҳои артиши Саудӣ ва муздурони вобаста ба онро ҳадафи ҳамлаи васеъи мушакию ҳавоипаҳпо қарор дода ва талафоти вазнин ба онҳо ворид кардааст.
«Яҳё Сарӣ» бо қироати баёнияи видеоӣ дар тавсифи ин амалиёт гуфт: «Бо назардошти идомаи муҳосира ва таҷовузи душмани саудӣ ба мардуми бошарафи Яман, ки тақрибан 12 сол аст идома дорад, нерӯҳои мусаллаҳи мо ҷамъомадҳои васеи низомии саудиро муайян карданд, ки ҳадафи онҳо шиддат бахшидан ба таниш дар устони озод ва бар зидди мардуми Яман буд. Бинобар ин, нерӯҳои мусаллаҳи мо амалиёти васеъ ва муҳими низомиро анҷом доданд, ки дар он ҷамъомадҳои нерӯҳои душмани саудӣ дар минтақаҳои Ар-Рувайк, Ал-Абр, Ас-Сания ва лагерҳои дигари вобаста ба он чӣ "катибаҳои аввал ва сеюми изтирорӣ" номида мешаванд, бо истифода аз шумораи зиёди мушаки баллистикӣ ва ҳавоипаҳпо мавриди ҳадаф қарор гирифтанд. Натиҷаҳои ин амалиёт ба таври зерин мебошад:
-
Садҳо муздури душмани саудӣ кушта ва маҷрӯҳ шуданд.
-
Шумораи зиёди лагерҳо, ҷамъомадҳо ва анборҳои аслиҳаи душмани саудӣ дар минтақаи Ал-Вудайя дар шарқи Яман хароб ва сӯхта шуданд.
-
Шумораи зиёди таҷҳизоти низомии мавҷуд дар лагерҳои ҳадафгардида хароб шуданд.»
Яҳё Сарӣ илова кард: «Нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба душмани саудӣ ҷинояткор нисбат ба ҳар гуна ҳамақате, ки метавонад бар зидди кишвар ва мардуми мо содир кунад, ҳушдор медиҳад ва масъулияти ҳар гуна шиддатбахшии танишро ба Саудӣ вогузор мекунад. Ба касоне, ки фирефта ва гумроҳ шудаанд аз миёни фарзандони кишварамон, тавсия медиҳем, ки лагерҳои душмани саудиро тарк карда ва пеш аз он ки дер шавад, ба оғӯши миллати хеш бозгарданд.»
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар охири баёнияи худ гуфт: «Мо ба мардуми бошарафи Яман дар ҳамаи устонҳо итминон медиҳем, ки нерӯҳои мусаллаҳ дар ҳолати омодагии пурра барои муқобила бо ҳар гуна шиддатбахшии таниш қарор доранд ва аз ҳамаи фарзандони миллати худ даъват мекунем, ки ба ҳолати сафарбарӣ идома диҳанд ва дар муқобили ҳар гуна шиддати таҷовузи саудӣ муқовимат кунанд ва ба ҷамъомадҳои саудӣ дар ҳар куҷо ки бошанд, ҳамла кунанд. Мо дар муодилаи «муҳосира дар муқобили муҳосира» боқӣ мемонем, то даме ки муҳосираи кишварамон ба поён расад.»
Your Comment