17 Август 2025 - 13:10
Source: ABNA
Мавқеи қатъии Покистон алайҳи нақшаи шуми "Исроили бузург"

Покистон бо радди қатъии изҳороти ахири нахуствазири режими саҳюнистӣ дар бораи ташкили ба истилоҳ "Исроили бузург", ин идеяҳоро "ғайриқонунӣ ва иғвоангез" тавсиф кард. Бино ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт (а) - Абна - Вазорати умури хориҷии Покистон дар изҳороте эълом дошт: "Чунин изҳорот ошкоро хилофи ҳуқуқи байналмилалӣ, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои марбут ба Фаластин аст ва нишон медиҳад, ки режими саҳюнистӣ қасд дорад ишғоли ғайриқонунии худро таҳким бахшад ва ҳамаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои сулҳу суботи пойдор дар минтақаро нодида бигирад."

Вазорати умури хориҷии Покистон таъкид кард: "Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд чунин тасаввуроти иғвоангезро ба таври комил рад кунад ва барои ҷилавгирӣ аз иқдомоти бесуботкунандаи режими саҳюнистӣ ва поён додан ба ҷиноёту ваҳшигариҳои мустамр алайҳи миллати Фаластин, гомҳои фаврӣ ва муассир бардорад."

Покистон дар ин изҳорот бар ҳимояти комили худ аз ҳуқуқи машруи миллати Фаластин, ба хусус ҳаққи таъйини сарнавишт ва ташкили як давлати мустақил, пойдор ва муттаҳиди Фаластин бар асоси марзҳои пеш аз соли 1967 ба пойтахтии Қудси шариф, бори дигар таъкид кард.

Your Comment

You are replying to: .
captcha