16 Август 2025 - 10:51
Source: ABNA
Вазири кишвари Ироқ: тарҳи амниятии зиёрати Арбаин дар остонаи муваффақияти комил аст

Вазири кишвари Ироқ гуфт, ки тарҳи амнияти ва хидматрасонии зиёрати Арбаини соли ҷорӣ, ки бузургтарин дар таърихи Ироқ тавсиф мешавад, бидуни сабти рухнаи амниятӣ иҷро шудааст.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт(а) — АБНО — Абдуламир аш-Шаммарӣ вазири кишвари Ироқ эълом кард, ки тарҳи амниятӣ ва хидматрасонии вижаи зиёрати Арбаини Имом Ҳусайн (а) дар соли ҷорӣ рӯ ба муваффақияти комил аст.

Аш-Шаммарӣ дар як нишасти хабарӣ таъкид кард ин тарҳ, ки бузургтарин дар таърихи Ироқ тавсиф мешавад, ҳеҷ гуна рухнаи амниятии қобили зикре надошта ва ин амр нишондиҳандаи омодагии боло ва инзиботи ҳирфаии нерӯҳои масъули иҷрои он аст.

Ӯ афзуд: «Ироқ бори дигар тавоноии худро дар мудирияти бузургтарин таҷаммӯоти инсонии ҷаҳон собит карда ва то кунун беш аз 4 миллион зоири араб ва хориҷӣ, илова бар миллионҳо ироқӣ, ба кишвар ворид шудаанд.»

Ба гуфтаи вазири кишвари Ироқ дар иҷрои ин тарҳ 52 ҳазору 778 афсар, нерӯ ва корманд мушорикат доштанд, 93 меҳвар таъмин шуд, 110 мақарри бозрасӣ эҷод ва 69 мавриди иттилооти амниятӣ пайгирӣ ва халалдор шуд.

Аш-Шаммарӣ дар тамос бо Муҳаммад Шиёъ ас-Судонӣ нахуствазири Ироқ эълом кард, ки тарҳи амниятии имсол бо муваффақият бо тамоми чолишҳое, ки қасди барҳам задани амнияти зиёрат ва зоиронро доштанд муқобила карда ва ҳушёрии нерӯҳои амниятӣ монеи вуқӯъи ҳар гуна ҳодиса шуд.

Вай афзуд: «Инъирофпазирӣ, ба вижа дар бахши трафикӣ, аз вижагиҳои барзиши тарҳи имсол буд; ба тавре ки ҳеҷ масдудсозӣ дар масирҳо анҷом нашуд ва радарҳое дар ҷодаҳои байналмилалӣ насб шуд. Ин иқдомот ҳамроҳ бо тақвияти манобеи инсонӣ, коҳиши 26 дарсадии ҳодисаҳои ронандагӣ, 55 дарсадии талафот ва 36 дарсадии маҷрӯҳонро ба дунбол дошт.»

Вазири кишвари Ироқ: ҳамчунин ба муваффақият дар созмондиҳии раванди бозгашти зоирони Арбаини Ҳусайнӣ бо вуҷуди фишори шадид бар гузаргоҳҳои марзӣ ишора кард ва гуфт, ки бо вуҷуди вуруди ҳаҷми азиме аз зоирон дар муддати кӯтоҳ, бозгаштҳо ба сурати эмин анҷом шуд.

Ӯ таъкид кард, ки тарҳи амниятӣ аз мазоҳири мусаллаҳона ва низомсозии шаҳрҳо парҳез кард ва маркази шаҳри Карбало ба минтақае орӣ аз силоҳ табдил шуд, ки ин амр инъикоси мусбате бар тасвири суботи амниятии кишвари Ироқ дошт.

Аш-Шаммарӣ гуфт, ки барои ҷилавгирӣ аз хастагии нерӯҳо, маъмуриятҳо ба се шифт тақсим шуд ва ҳар як воҳиди амниятӣ замони истироҳати кофӣ дарёфт кард.

Вай идома дод: «Дар ҳавзаи расонаӣ низ, вазорати кишвари Ироқ бо эҷоди фазои ором ва мусбат, талошҳо барои барҳам задани фазои зиёратро ноком гузошт ва бо иҷрои як тарҳи расонаии дақиқ тавонист овозаҳоро ба таври ҳирфаӣ мудирият ва халалдор кунад.»

Ӯ дар поён ишора кард, ки шумори зоирон дар шаҳри Карбало бисёр зиёд буд ва мавкебҳо дар устонҳои Наҷаф ва Бобул ҷамъоварӣ шуданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha