Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлати Эрон, зимни қадрдонӣ аз амалиёти ғурурофарини шаби гузаштаи неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳадаф қарор додани марокизи низомӣ ва амниятии режими саҳюнистӣ гуфт: Ин амалиёти ифтихоромез тибқи мавозини байналмилалӣ буд ва бори дигар ғурури миллии эрониёнро ба рухи ҷаҳон кашид.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар инки ин амалиёти ғурурофарин бори дигар собит кард, “Гунбади оҳанин” иддаои саҳюнистҳо аз шиша шиканандатар аст, тасреҳ кард: Мо ба дунболи ҷанг нестам, аммо аз ҷанг ҳам намеҳаросем ва барои ҳифзи амният, иқтидору иззати мардуму Эрон ҳадду марзе намешиносем.
342/