Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби исломии Эрон имрӯз (шанбе) дар дидори дастандаркорони Конгресси 24 ҳазор шаҳиди устони Хузистон (ҷануби ғарби Эрон) , ҳамоса ва муъҷизаи мардуми Хузистон дар даврони дифои муқаддасро натиҷаи таркиби ҳиммати мардумӣ ва имони исломӣ донистанд ва бо ишора ба диққати назари имом Хумайнӣ (раҳ.) дар интихоби таъбири «Ҷумҳурии исломӣ» гуфтанд: Ончӣ ки боиси пойдорӣ ва пешрафти Эрони исломӣ ва ғалабаи он бар бисёре аз мавонеъ ва тавтеаҳо шу , ҷамъ байни «эътимод ба ҷумҳури мардуму ислом» буд ва дар оянда низ роҳи ғалабаи бар мушкилот истимрори ҳамин тафаккур аст.
Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ бо табрики Иди Саид ва бузурги нимаи шаъбон, ба шинохти дақиқи имом Хумайнӣ (раҳ) нисбат ба мардум ва ҳамчунин нигоҳи ҷомеъ ва мутараққии имом нисбат ба ислом ишора карданд ва афзуданд: Имом Хумайнӣ (раҳ.) аз ҳамон рӯзҳои оғозини наҳзати исломӣ то пирӯзии Инқилоби исломӣ ва баъд аз он ҳамвора ба мардум эътимод дошту исломро як мактабу тафаккури коромад барои сиёсату мудирияти ҷомеъа медонист ва бар ҳамин асос тавонист заминаи пешрафти Эрону истимрори ҳаракатҳои бузургро бавуҷуд оварад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар инки муҳимтарин мушкили душманони Ҷумҳурии исломӣ, надоштани шинохт нисбат ба мардуми Эрон ва ҳамчунин надоштани шинохт аз ислом аст, хотирнишон карданд: Душманони миллати Эрон бар асоси баровардҳо ва тарроҳиҳои худ мутмаин буданд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон чиҳилсолагии худро нахоҳад дид, аммо ба кӯрии чашми онҳо пешрафти Эрон мутаваққиф нашуд ва ба лутфи илоҳӣ ва бо такя бар ҳиммату иродаи мардуму имони динии онҳо идома низ хоҳад ёфт.
Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар бахши дигаре аз суханон намунаи дигар аз муъҷизаофаринии такя бар мардуму имони диниро шароити имрӯзи фаластиниён баршумурданд ва гуфтанд: Истодагии неруҳои муқовимату маъюс кардани душман аз нобудии онҳо ва ҳамчунин сабри мардуми Ғазза дар баробари бомбаборонҳо ва мусибатҳо нишонгари имони динии қавии ин мардум аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ошкор шудани дурӯғ будани иддаоҳои тамаддуни ғарбӣ дар бораи ҳуқуқи башару риёкорӣ ва нифоқи ғарбиҳо дар моҷароӣ Ғазза афзуданд: Ғарбиҳо, ки барои эъдоми як муҷрим сару садо ва ҳаёҳу ба роҳ меандозанд, дар баробари куштори 30 ҳазор инсони бегуноҳ дар Борикаи Ғазза чашми худро бастаанду Амрико бо вақоҳати тамом ва барои чандумин бор қатъномаи қатъи бомбаборони Ғаззаро вето мекунад.
Эшон таъкид карданд: Ин чеҳраи воқеии фарҳангу тамаддуну либерали демократии ғарбӣ аст, ки дар зоҳири он, сиёсатмадорон утӯ кашида ва лабханд бар лаб қарор доранд, аммо дар ботин, як саги ҳору гурги хунхор аст.
Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар поён хотирнишон карданд: Мо мутмаин ҳастем, ки ин тамаддуни ғарбӣ ва ин бори каҷ ба манзил нахоҳад расид ва фарҳанги ҳаққу мантиқи саҳиҳи Ислом бар ҳамаи инҳо фоиқ хоҳад омад.