3 Феврал 2024 - 19:51
Тафсир : Ҳамалоти густарда ба Ироқи ва Сурия ; Оташафрӯзии ҷадиди Амрико дар минтақа

Амрико ки солҳост бо ҳузури низомӣ дар минтақаи Ғарби Осия дар ростои манофеи худ ва муттаҳидонаш ин минтақаро дучори ноамнӣ ва бесуботӣ кардааст ҳар аз чанд гоҳе бо иқдомоти таҳоҷумӣ ба оташафрӯзӣ дар ин минтақаи ҳассос доман мезанад.

Дар ҷадидтарин иқдом дар ин замина , фармондеҳии марказии Амрико мавсӯм ба United States Central Command дар баёнияе эълом кард, ки ҷумъа шаб неруҳои артиши Иёлоти Муттаҳида беш аз 85 ҳадафро бо ҳавопаймоҳои мутаъаддид аз ҷумла бомбафканҳои дурбурд ки аз Иёлоти Муттаҳида парвоз карданд , ҳадаф қарор доданд ки дар ин ҳамалоти ҳавоӣ беш аз 125 муҳимот дақиқ ба кор гирифта шуд. United States Central Command муддаӣ шуд ки дар ин ҳамалот марокизи фармондеҳӣ ва  кантрол , марокизи иттилоотӣ , ракетҳо ва мӯшакҳо ва анборҳои паҳподҳо ва  таъсисоти занҷираии таъмини тадорукоту муҳимоти гуруҳҳои муқовимат дар Ироқ ва  Сурия ки ба иддаои он ҳамалоти алайҳи неруҳои амрикоӣ ва  эътилофро тасҳил мекарданд ҳадаф қарор гирифтанд .

Кохи Сафед низ дар қолаби баёнияӣ Байден муддаӣ шуд ки ин ҳамалот вокунишӣ ба ҳамлаи ахир ба як пойгоҳаш аст . Дар ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳи Амрико дар рӯзи якшанбеи мавсӯм ба бурҷи 22 дар наздикии марзҳои Урдун ва  Сурия 3 низомӣ кушта ва 34 нафар аз низомиёни амрикоӣ захмӣ шуданд . Байден дар баёнияи худ зимни ишора ба ҳамлаи неруҳои низомии Амрико ба аҳдоф дар таъсисоти Ироқ ва  Сурия ки барои ҳамла ба неруҳои амрикоӣ аз он истифода мекарданд , таъкид кард ки ин ҳамалот идома хоҳад ёфт . Масъалаи муҳимме, ки раиси ҷумҳӯри Амрико муддаии он шуда ин аст, ки Амрико ба дунболи ҷанг дар Ховаримиёна ё ҳеҷ ҷои дигар ҷаҳон нест .

Ин дар ҳоле аст, ки Амрики масъӯлт бисёре аз ҷангҳо дар нуқоти мухталифи ҷаҳон пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум , дар давраи ҷанги сард ва пасо ҷанги сард будааст . Ба вижа ҳамалоти Иёлоти Муттаҳида ба Афғонистону Ироқ дар даҳаи аввали қарни бисту якам ва  ишғоли ин ду кишвар на фақат мӯҷиби марги ҳазорон нафар аз сокинони ин кишварҳо шуд балки заминасози густариши тероризм дар минтақаи Ғарби Осиё гардид . Дар марҳилаи баъди Вашингтон бо эҷоди эътилофи ғарбӣ ва арабӣ ба доман задан ба ҷанг дар Сурия дар пайи нооромиҳои ин кишвар аз соли 2011 ба баъд пардохт ки паёмади он куштори густардаи мардуми Сур ва  Ироқ ва  муҳоҷирати миллионҳо нафар аз аҳолии ин кишварҳо ва  густариши бе собиқаи фаъолияти гуруҳҳои террористӣ буд .

Аз сӯии дигар Амрико бо ҳимоятҳои ҳамаҷониба аз режими саҳюнистӣ дар ҳафтод соли гузаштаи нақши аслӣ ва  пуштибони меҳварӣ аз ин режими насли кушро ифо карда ва дар ҷараёни ҷанги кунӯнӣ дар Ғазза низ бо тадоруки таслиҳотӣ ва  ҳимояти сиёсӣ аз он дар Шӯрои амнияти Созмони Милал ва  Ветои қатъномаҳо дар нақши ҳомии беқайду шарти Исроил зоҳир шудааст .

Масъалаи муҳим ин аст, ки ҳамлаи ҳавоии Амрико алайҳи мавозиъи гуруҳҳои муқовимат дар Ироқу Сурия дар замонӣ анҷом мешавад ки Ғарби Осиё бо тавваҷуҳ ба тадовуми ҷанги Ғазза ва ҳимоятҳои ҳама ҷонибаи Вашингтон аз режими саҳюнистӣ аз як сӯ вокуниши меҳвари муқовимат ба ин амр бо ҳамалот дар дарёи Сурх алайҳи шиноварҳои вобаста ба режими саҳюнистӣ ва низ ҳамалот ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар авҷи илтиҳоб қарор дорад .

Бо тавваҷуҳ ба инки чаҳорумин моҳи ҷанги режими саҳюнистии алайҳи Борикаи Ғазза низ дар ҳоли сипарӣ шуданаст , Амрико ҳамчунон ба ҳимояти ҳама ҷониба аз режими саҳюнистӣ идома медиҳад . Гуруҳҳои муқовимати исломӣ дар Ғарби Осия аз ҷумла дар Ироқу Сурия ва ҳамчунин неруҳои яманӣ ба дунболи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ва  ҳимояти ҳамаи ҷонибаи Вашингтон аз ин режим , борҳо ба Иёлоти Муттаҳида ҳушдор додаанд ки пойгоҳҳои Амрико дар минтақаро мавриди ҳадаф қарор хоҳанд дод ва дар амал низ ҳамалоти мутаъаддиди алайҳи ин пойгоҳҳо анҷом додаанд .

Гуруҳҳои муқовимат дар минтақа аз ҷумла дар Ироқ борҳо эълом кардаанд, ки ҳамалоти онҳо ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқу Сурия дар вокуниш ба пуштибониҳои калидии Вашингтон аз Тел-Авив сӯрат мегирад . Ин гурӯҳҳо борҳо таъкид кардаанд ки ин ҳамалот то замони тағйири сиёсати Амрико дар ин замина ва  водор кардани режими саҳюнистӣ ба таваққуфи ҳамалот ба навори Ғазза ва  наслкушии фаластиниҳо идомаи пайдо хоҳад кард .

Дар айни ҳоли Вашингтон дар рӯйкарди фароафканона ҳамвора талош карда то Эронро ба ҳамалоти гурӯҳҳои муқовимати алайҳи пойгоҳҳои Амрико ва  алайҳи манофеи режими саҳюнистӣ иртибот диҳад . Дар муқобил Эрони борҳои эълом карда ки ҳимоятҳои он гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ ва  дигар гурӯҳҳои муқовимат дар минтақа дар ростои ҳақи машрӯъи муқовимат барои дифоъ аз худ ва  муқобила бо ишғолгарону мутаҷовизон, аст. Дар айни ҳоли Теҳрон бар ин масъала низ таъкид карда, ки ин ҳимоят ба маънои дахолат дар иқдомоту амалиёти гурӯҳҳои муқовимат нест. Лизо Эрон бо ради иддаоҳои Амрико , бар ҳақи худ барои дифоъ дар муқобил ҳаргӯна таҳоҷуми эҳтимолӣ таъкид карда аст.