Башор Асад дар дидори Александр Ловрентев, фиристодаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия афзуд: Амрикову Ғарб ин буҳронро ба манзури бесуботӣ дар ҷаҳон ва коҳиши ҷойгоҳи Русия ва ҳузури байналмилалии он ба вуҷуд оварданд, вале осори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маишатии ин буҳрон дар кишварҳои онҳо амиқтар шуд. Асад гуфт, пофишории Русия бар мавозеи худ дар қиболи Амрико ва Ғарб навиддиҳандаи таваллуди ҷаҳоне чандқутбӣ аст ва ин ҳамон чизе аст, ки ҳамаи миллатҳову давлатҳои пойбанд ба қавонини байналмилалӣ, ки аз истиқлолу ҳокимияти миллӣ ва манофеи худ дифоъ мекунанд, хостори он ҳастанд.
342/