Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, ишғолгарони саҳюнист рӯзи ҷумъа бо юриш ба хонаҳои фаластинӣ дар Наблос, Ҷанин, Қудс ва Тулкарм, бо фаластиниёни сокини ин шаҳрҳо даргир шуданду вайронаҳои зиёдеро барҷой гузоштанд.
Нерӯҳои муқовимати Фаластин низ бо партоби ботриҳои оташзо ва бомбаҳои дастисоз ба муқобила бо низомиёни артиши режими ишғолгари Қудс бархестанд.
Дар ҷараёни ин даргириҳо шуморе аз фаластиниён захмӣ ва шумори дигар ҳам боздошт шуданд.
342/