Шомгоҳи шанбе ( 20 май ) ашрору маонидон бо истифода аз хоки Покистону нақзи ҳарими марзии Ҷумҳурии исломии Эрон дар иқдоми террористӣ ва ноҷавонмардона ба бурҷаки марзбонии " Мазаисар "-и ҳанги марзии Саровон ҳамла карданд, ки бо муқовимати ҷононаи неруҳои диловари марзбонӣ мувоҷеҳ ва террористҳо ба умқи хоки Покистон фирорӣ шуданд . Дар ин даргирӣ панҷ нафар аз ғаюрмардони марзбонии Эрон шаҳид ва 2 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пайкари мутаҳҳари панҷ шаҳиди марзбонии Саровон аз маҳали ситоди марзбонии Мистону Балӯчистон то фурудгоҳи Зоҳидон бо ҳузури ақшори мухталифи мардуму масъӯлон баргузор шуд . Хонуми Фараҳ Азимшоҳ-сухангӯи давлати иёлати Балӯчистони Покистон бо маҳкӯм кардани ҳамлаи террористӣ ба неруҳои марзбонии Эрон шаҳодати 5 нафар аз ин неруҳоро ба давлату миллати Эрон таслият гуфт .
23 Май 2023 - 11:52
News ID: 1368117
Пайкари мутаҳҳари панҷ шаҳиди марзбонии неруии интизомӣ бо ҳузури ҷонишини фармондеҳи кулли интизомии фармондеҳи марзбонӣ, устондори Систону Балучистон ва уламои шиъаву суннӣ бар дастони мардуми шаҳидпарвари Зоҳидон, маркази устони Систону Балучистони Эрон ташйиъ шуд.