ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, аммо ин муддат барои атбоъи Тоҷикистон то поёни моҳи июни соли ҷорӣ тамдид шудааст.
Аз ин рӯи мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон эълом кардаанд, ки раванди расмӣ кардани ҳузури коргарони муҳоҷири ғайримуҷози тоҷик то поёни моҳи июни имсол тамдид шуда ва танҳо дар идораҳои муҳоҷирати Русия ва ба шакли ҳузурӣ имконпазир аст.
Ба атбоъи Тоҷикистон тавсия мешавад, ки бо истифода аз ин имтиёзҳо ҳарчӣ зудтар худро дар Русия расмӣ кунанд.
Моҳи майи соли равон муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Гаравай ҳушдор дод, ки 247 ҳазор шаҳрванди ғайриқонунии Тоҷикистон, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, агар онҳо истиқомати худро то 15 июни соли 2021 расмӣ накунанд, ихроҷ карда мешаванд.
Зимни боздид аз Душанбе Валентина Казакова, муовини дигари вазири умури дохилаи Русия ва роҳбари хадамоти муҳоҷират эълом дошт, ки мӯҳлати мазкур ба шаҳрвандони Тоҷикистон то охири моҳи июни соли ҷорӣ тамдид шудааст.
342/