23 Ноябр 2020 - 19:57
Раиси ҷумҳурии Арманистон: дар тамомии заминаҳо ба Озарбойҷон бохтем

Армен Саркисян, раиси ҷумҳурии Арманистон, Ереванро бозандаи аслӣ дар муқобили ҷумҳурии Озарбойҷон дар муноқишаи Қарабоғ донист.

ABNA24: Ба гузориши хабаргузории Қафқоз, Армен Саркисян дар мусоҳиба бо нашрияи "Аравот" эътироф кард: Онҳо дар солҳои гузашта натавонистанд артише бисозанд, ки таҷҳизоти низомиву омӯзишӣ дошта бошад ва битавонад муқобили артиши ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ муқовимат кунад.

Раиси ҷумҳурии Арманистон афзуд: Мо фақат дар майдони ҷанг шикаст нахурдем, балки бештар нашудани ҷамъияти Қарабоғ дар солҳои ахир ҳам худаш як шикаст буд.

342/