ABNA24: Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ асри рӯзи сешанбе дар дидори Мустафо Ал Козимӣ, нахуствазири Ироқ дар Теҳрон, бо баёни ин нукта, таъкид карданд: Ончӣ дар равобити дуҷониба барои Ҷумҳурии Исломии Эрон бисёр ҳоизи аҳаммият аст манофеъ, масолеҳ, амният, иззат, иқтидори минтақаӣ ва беҳбуди шароит дар Ироқ аст.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо баёни инки дидгоҳи амрикоиҳо дар бораи Ироқ дуруст дар нуқтаи муқобили Эрон аст, тасреҳ карданд: Эрон дар хусуси равобити Ироқ бо Амрико дахолате намекунад, аммо интизор дорад, дӯстони ироқӣ, Амрикоро бишиносанд ва бидонанд, ки ҳузури Амрико дар ҳар кишваре маншаи фасод, харобӣ ва вайронӣ аст.
Баёнот раҳбари муаззами инқилоб дар дидори нахуствазири Ироқ бар ду масъалаи муҳим ва роҳбурдӣ таъкид дорад. Ин суханон аз яксӯ бар душманшиносӣ ва аҳдофи ошкору пинҳони Амрико дар минтақа таъкид дорад ва аз сӯи дигар масири ғалаба бар мушкилот ва тавтеаҳо бо такя бар зарфиятҳои дарунӣ ва хости воқеии мардуми Ироқро ба равшанӣ табйин мекунад.
Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ дар баёни аҳамияти ин мавзӯ, марҷаъият ва шахси Оятуллоҳ Систониро як неъмати бузург барои Ироқ хонданд ва хотирнишон карданд: Ҳашдушшаъбӣ як неъмати бузурги дигар дар Ироқ аст, ки бояд онро ҳифз кард.
Амрико дар соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо Алқоида, яъне ҳамон гурӯҳи террористие, ки ба изъони Трамп ва Клинтон, Амрико онро бавуҷуд овард, минтақаро гирифтор дар ноамнӣ ва терроризми лаҷомгусехта кард, ки аз даруни он ДИИШ ва даҳҳо гурӯҳи террористии дигар бавуҷуд омаданд. Амрико дар шароити кунунӣ низ ба дунболи моҷароҷӯиҳои тозае аст то афкори умумиро аз тамаркуз бар нақши Трамп дар эҷоди буҳрон ва ҷанг дар минтақа мунҳариф кунад. Амрико тайи ин солҳо барои расидан ба аҳдофи худ аз ҳеҷ ҷинояте рӯйгардон набудааст. Раҳбар муъазами инқилоб ҷинояти Амрико дар террори сардор сипаҳбуди шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва шаҳид Абу Маҳдӣ ал Муҳандисро як намуна аз натиҷаи ҳузури амрикоиҳо баршумурданд ва таъкид карданд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаргиз ин мавзӯро фаромӯш нахоҳад кард ва қатъан зарбаи мутақобилро ба амрикоиҳо хоҳад зад.
Амрико дар3 январи 2020 дар иқдоме террористӣ бо ба шаҳодат расондани сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва шуморе аз ҳамроҳони вай, ки ба даъвати расмии давлати Ироқ ба ин кишвар сафар карда буданд, якбори дигар нишон дод, ки ҳадафи воқеии Амрико ноамн кардани минтақа ва эҷоди фурсат барои фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа аст. Воқеият ин аст, ки душманон аз ҳамгароӣ ва равобити хуб миёни Эрон ва кишварҳои ҳамсоя ҳамвора сили хӯрдаанд. Имрӯз шароити минтақа ва муодилоти сиёсӣ ва низомӣ тағйир кардааст ва миллатҳо ва давлатҳои бархоста аз миллатҳо, ҳузури шароратомези Амрико дар минтақаро барнаметобанд. Аз ҳамин рӯст, ки раҳбари муаззами инқилоб хитоб ба нахуствазири Ироқ ёдовар шуданд: Ҷумҳурии Исломии Эрон интизор дорад тасмими давлат, миллат ва маҷлиси Ироқ барои ихроҷи амрикоиҳо пайгирӣ шавад, зеро вуҷуди онҳо мӯҷиби ноамнӣ аст.
Ҳамонгуна, ки нахуствазири Ироқ низ дар дидор бо раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ изҳор кард, мардуми Ироқ ҳеҷгоҳ ҳимоятҳои Эронро фаромӯш нахоҳанд кард ва воқеият ин аст, ки хуни ироқиҳо ва эрониҳо дар ҷанг бо такфириҳо дар ҳам омехтааст.
Баёни ин дидгоҳҳо ва рӯйкардҳо нишон медиҳад, равобити Эрон ва Ироқ мубтанӣ бар се асли роҳбурдӣ; "амнияти муштарак", "ҳамкории сиёсӣ-иқтисодӣ" ва такя бар "муштаракоти динӣ" аст.
Аз ин рӯ, ончӣ дар равобити ду кишвар ҳоизи аҳаммият аст, талош барои ҳифзи манофеи роҳбурдӣ ва муқобила бо таҳдидоти муштарак аст, ки метавонад ба модели барои тавсеаи ҳамкориҳо бо дигар кишварҳои минтақа табдил шавад.
342/