ABNA24: Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва Браҳам Солеҳ, раисҷумҳури Ироқ рӯзи ячкшанбе дар ин дидор, зимни таъкид бар равобити дерина ва таърихии ду кишвар, тавсиа ва таъмиқи онро ба нафъи ду миллат ва кишварҳои минтақа хонданд.
Вазири умури хориҷаи Эрон ва раисҷумҳури Ироқ дар ин дидор дар хусуси охирин таҳаввулоти равобити дуҷониба ва бархе мавзӯоти муҳим барои гутсрашири равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар, пайгирии шаҳодати сардорони муқовимат (сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва Абӯмаҳдӣ Алмуҳандис) муҳимтарин масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ ва соири мавзӯоти мавриди алоқа ройзанӣ ва табодули назар карданд.
Зариф пас аз ин дидор, бо Мустафо Алкозимӣ, нахуствазир, Фуод Ҳусейн, вазири умури хориҷа ва Ҳодӣ Аломирӣ, раиси эътилофи "Алфатҳ"- дар Парлумони Ироқ иддор ва гуфтугӯ кард.
342/