(ABNA24.com)Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНО, шоҳидони айнӣ эълом карданд, неруҳои артиши режими саҳюнистӣ ба шаҳри Ноблус воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ ҳамла карданд ва Зоҳир Ал-Шуштари, яке аз раҳбарони "Ҷабҳаи халқ барои озодии Фаластин"-ро боздошт карданд.
Шоҳидони айнӣ ҳамчунин эълом карданд, ки миёни неруҳои артиши режими саҳюнистӣ ва даҳҳо тан аз ҷавонони Фаластин дар ин шаҳр даргирӣ рух дод ва фаластиниён ба самти низомиёни Исроил санг партоб карданд.
Ал-Шуштари, яке аз намояндагони "Ҷабҳаи халқ барои озодии Фаластин" дар Кумитаи ҳамоҳангии гурӯҳҳои фаластинӣ дар Ноблус аст ва дар гузашта низ чандин бор тавассути неруҳои Исроил боздошт шудааст.