(ABNA24.com) Саидаббоси Мусавӣ- сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо ишора ба таҳаввулоти ахир дар ҷануби Яман гуфт: Ин гуна иқдомот на танҳо ба ҳалли мушкилоти кунунии Яман кумак намекунад, балки вазъияти он кишварро низ печидатар хоҳад кард.
Мусавӣ бо таъкид бар лузуми таваққуфи ҷанг алайҳи Яман ва рафъи муҳосираи золимона аз мардуми ин кишвар хотирнишон кард: Танҳо роҳи субот ва истиқрори Яман, ваҳдати миёни гурӯҳҳои яманӣ ва анҷоми гуфтугӯҳои фарогири сиёсӣ миёни гурӯҳҳои мухталиф барои ташкили давлати муттаҳид ва фарогир аст.
Шурои интиқоли ҷануби Яман, ки аз ҳимояти Иморот бархурдор аст, бомдоди рӯзи якшанбе дар вилоятҳои ҷанубии Яман ҳукумати худмухтор эълом кард.
Ин шуро ҳамчунин эълом кард, вазъи изтирорӣ аз шанбешаб дар ин минтақа ба марҳилаи иҷро гузошта шудааст.
342/