14 Апрел 2020 - 16:51
Ҳашдушшаъбӣ: Агар Муқовимат бихоҳад сарбозони амрикоиро ҳадаф бигирад, патриот ҳам наҷотшон намедиҳд

Сухангӯи гурдонҳои Сайидулшуҳадо эълом кард: Посухи гурӯҳҳои Муқовимат ба неруҳои амрикоӣ маҳдуд ба мушак нест сомонаҳои патриоти онҳо монеъ аз фаолият мо дар Ироқ намешавад.

(ABNA24.com) Гурдонҳои Сайидулшуҳадо, яке аз гурӯҳҳои вобаста ба Ҳашдушшаъбии Ироқ эълом кард: Агар неруҳои Муқовимат дар Ироқ бихоҳанд сарбозони амрикоиро ҳадаф қарор диҳанд, сомонаҳои дифоии патриот ҳам наҷоташон нахоҳад дод.

Ба нақл аз ИСНО, Козим Ал-Фартуси гуфт: Масъалаи дигар он ки, гоҳе ҳадаф қарор гирифтани ин неруҳои ишғолгар бо мушакҳои содда анҷом мешавад ва ин сомонаи пешрафта, ки иддао мешавад қодир ба раҳгирии мушакҳои ҳушманд аст, наметавонад онҳоро раҳгирӣ кунад, бино барин мантиқӣ нест, ки бо патриот ба мушакҳои катиюша посух дода шавад.

Ал-Фартуси афзуд: Истиқрори сомонаҳои патриот дар Ироқ барои тарафҳои дигаре ҷуз гурӯҳҳои ироқӣ бо ҳадафи сайтара бар минтақа ва низ аҳдофи стратегӣ аст. Ин сомона дар ростои сомонаи дифои муштарак бо Исроил кор гузошта шудааст, сомонаи патриот аз сарбози амрикоӣ муҳофизат намекунад, балки бо ҳадафи ҳифозат аз манофеи Амрико ва аҳдофи стратегии баландмуддат аст.

Рӯзномаи Вашингтон-Пост пештар аз роҳандозии сомонаҳои дифоии патриот дар Ироқ бо ҳадафи ҳифозат аз неруҳои амрикоӣ дар пойгоҳҳое хабар дод, ки ин пойгоҳҳо дар маърази ҳамалот қарор гирифта буданд.

342/