10 Март 2020 - 14:02
Ба таъхир афтодани маросими расмии ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба далели шуюи бемории коронавирус

Манобеи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон эълом карданд, ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба далели шуюи бемории коронавирус ба таъхир афтод.

AhlulBayt News Agency (ABNA) Ба нақл аз Азия-Плюс, сохти ин масҷид поён ёфта ва қарор буд бо сафари  амири Қатар Тамим бин Ҳамад ал-Танӣ рӯзи 12-уми март ба Тоҷикистон ифтитоҳ шавад.

Қаблан низ ифтитоҳи ин масҷид ба далели лағви сафари амири Қатар ба Тоҷикистон ба таъхир афтода буд.

Кори сохти ин масҷид моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида дар майдони 12 гектар ҷойгир буда бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон оғоз шуд. Ҳазинаи сохти ин масҷид, ки зарфияти сад ҳазор намозгузорро дорад қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, 30 млн. долларашро ҳукумати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро ҳукумати Қатар ҷудо кард.

Он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75 метр ва гумбази 47-метра, ҳамчунин боз 20 манораи хурду калон иборат аст.