(ABNA24.com) Ба гузориши ИРНА, Комиссияи миллии беҳдошти Чин субҳи рӯзи ҷумъа дар ҷадидтарин омори худ эълом кард, илова бар 30 нафар дар Чин, ду нафар низ дар Гонконг ва як тан ҳам дар Тайван ба далели ибтило ба бемории коронавирус ҷон бохтанд.
Дирӯз мақомоти беҳдоштии Чин низ шумори куштаҳоро бар асари бемории вируси корона се ҳазору 12 нафар эълом карда буданд.
Дар 24 соати гузашта, дар маҷмуъ 143 мавриди ҷадиди ибтило ба вируси корона дар Чин шиносоӣ шуд, 102 нафари машкуки ибтило ба ин беморӣ таҳти назар қарор гирифтанд.
Дар манотиқи Гонконг, Маккау ва Тайван низ то кунун дар маҷмуъ 158 мавриди ибтило ба вируси корона шиносоӣ шудааст.
Бар асоси ин гузориш, шумори мубталоён ба вируси корона дар Чин ба 80 ҳазору 710 тан афзоиш ёфтааст, дар ҳоле, ки то кунун 53 ҳазору 726 тан низ дармон ва аз марокизи бемористонӣ мураххас шудаанд.
Оморе, ки Чин дар рӯзҳои ахир мунташир карда, нишон медиҳад, ки раванди ибтило ба вируси корона ва шумори қурбониён дар ин кишвар коҳиши қобили таваҷҷуҳе ёфта ва раванди нузулиро дар пеш гирифтааст.