(ABNA24.com) Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбар муаззами инқилоби исломӣ дар ҳукме ҳуҷҷатулислом Сайиднасири Ҳусайниро ба унвони намояндаи валии фақеҳ дар устони Кӯҳкилуя ва БуерАҳмад ва имоми ҷумъаи Ёсуҷ мансуб карданд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, матни ҳукми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Ҷаноби ҳуҷҷатулислом Сайиднасир Ҳусайнӣ
Акнун, ки ҷаноби ҳуҷҷатулислом валмуслимин оқои Малик Ҳусайнӣ аз намояндагии валии фақеҳ дар устони Кӯҳкилуя ва БуерАҳмад истеъфо намудаанд, ҷаноби олиро ба намояндагии худ дар он устон ва имомати ҷумъаи Ёсуҷ мансуб мекунам.
Арзишҳои динӣ ва инқилобии ақвоми ғаюр ва поксиришти он устон ва хадамоти онон ба наҳзати исломӣ аз даврони пеш аз пирӯзии инқилоб ва сипас ҳузури онон дар саҳнаҳои ҳассоси инқилобӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ дар ҳамаи даврони пас аз инқилоб фаромӯшнашуданӣ аст. Тавсияи муаккади инҷониб, ҳузури мардумӣ ва иртиботи самимии ҷаноби олӣ бо ҳамаи қишрҳои мардум ва робитаи гарму падарона бо ҷавонон ва навниҳолони он минтақа аст. Табйин ва ҳидояти динӣ ва сиёсӣ дар хутбаҳои балиғи намози ҷумъа тавсияи дигари инҷониб аст.
Лозим медонам аз хадамот ва заҳамоти ҷаноби оқои Малик Ҳусайнӣ ва низ ҷаноби ҳуҷҷатулислом Ҳусайнӣ, имоми ҷамъаи пешини Ёсуҷ ташаккур кунам.
Сайид Алии Хоманаӣ
24 дайи 1398
/129
Интисоби намояндаи валии фақеҳ дар Кӯҳкилуя ва БуерАҳмад ва имоми ҷумъаи Ёсуҷ бо ҳукми Раҳбари инқилоб
16 Январ 2020 - 06:52
News ID: 1002827
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбар муаззами инқилоби исломӣ дар ҳукме ҳуҷҷатулислом Сайиднасири Ҳусайниро ба унвони намояндаи валии фақеҳ дар устони Кӯҳкилуя ва БуерАҳмад ва имоми ҷумъаи Ёсуҷ мансуб карданд.