Ба гузориши ИРНА, сардор сартипи посдор Исмоили Қоонӣ бо таъкид бар ин ки Фаластин ва минтақа пас аз “Тӯфони Алақсо” дигар монанди қабл нахоҳад буд, мутазаккир шуд: Ҳамалоти муқовимат алайҳи неруҳо ва худравҳои зиреҳии душман собит кард, ки муқовимати Ғазза қобилияти ибтикор дорад. Сардор Қоонӣ ба фармондеҳи гурдонҳои Алқассом таъкид кард: Бародарони шумо дар меҳвари муқовимат бо шумо муттаҳид ҳастанд ва иҷоза нахоҳанд дод душман ба аҳдофи касифи худ дар Ғазза ва Фаластин бирасад. Мо бар аҳди бародаронаи худ, ки моро бо ҳам муттаҳид мекунад, ҳастем ва ба шумо итминон медиҳем ҳар коре лозим бошад дар ин набарди таърихӣ анҷом хоҳем дод.
342/