(ABNA24.com) Ба нақл аз сомонаи Спутник, акнун тамомии раисон ва мудирони идораҳои марказӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳияҳои Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон бо мувофиқати Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон мансуб ва барканор хоҳанд шуд.
Эмомамлӣ Раҳмон дар пайёми солонааш ба парлумони Тоҷикистон дар 26 декабри соли 2019 аз он чи, ки ҳузури ашхоси ғайриҳирфаӣ дар сохтори Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молӣ, амниятӣ ва интизомӣ ва додситонии кулли кишвараш ба шиддат интиқод карда ва дастури поксозии ин ниҳодҳо аз ашхоси ғайриҳирфаиро содир кард.
Гуфта мешавад, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасте бо кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дар 17 декабри 2019 ба нишони норизоятӣ аз амалкарди ин ниҳод теъдоде аз кормандони онро дар маҳалли ин иҷлос аз симатҳояшон барканор ва ихроҷ кард.
/129