(ABNA24.com) Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме зимни таслияти шаҳодати сардори сипаҳбуд - Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид карданд, интиқоми сахте дар интизори ҷинояткороне аст, ки дасти палиди худро ба хуни ӯ ва дигар шуҳадои ҳодисаи дишаб олуданд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи ҷумъа дар ин паём хотирнишон карданд: Солҳо муҷоҳидати мухлисона ва шуҷоъона дар майдонҳои минтақа бо шаётин ва ашрори олам ва солҳо орзӯи шаҳодат дар роҳи Худо, саранҷом Сулаймонии азизро ба ин мақоми воло расонид ва хуни поки ӯ ба дасти шақитарин (тирабахту золимтарин) оҳоди башар бар замин рехт.
Эшон афзуданд, шаҳодат подоши талоши бевақфаи сардори сипаҳбуд - Қосими Сулаймонӣ дар ҳамаи ин солиён буд ва бо рафтани ӯ, кори ӯ ва роҳи ӯ мутаваққиф ва баста нахоҳад шуд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки шаҳид Сулаймонӣ чеҳраи байналмилалии муқовимат аст ва ҳамаи дилбастагони муқовимат хунхоҳи ӯ ҳастанд, тасреҳ карданд: Ҳамаи дӯстон ва низ ҳамаи душманон бидонанд, хатти ҷиҳоди муқовимат бо ангезаи музоаф идома хоҳад ёфт ва пирӯзии қатъӣ дар интизори муҷоҳидони ин роҳи муборак аст.
Раҳбар муаззами инқилоби исломӣ тасреҳ карданд, фуқдони сардори фидокору азизи мо талх аст, вале идомаи мубориза ва даст ёфтан ба пирӯзии ниҳоӣ коми қотилон ва ҷинояткоронро талхтар хоҳад кард.
Эшон афзуданд: “Миллати Эрон ёду номи шаҳиди олимақом - сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва шуҳадои ҳамроҳи ӯ, бавижа муҷоҳиди бузурги Ислом ҷаноби оқои Абумаҳдӣ Ал-Муҳандисро бузург хоҳад дошт ва инҷониб се рӯз азои умумӣ дар кишвар эълом мекунам”.
Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ бомдоди имрӯз (ҷумъа) дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва теророристи амрикоӣ дар наздики фурӯдгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.
/129
3 Январ 2020 - 11:50
News ID: 998713
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме зимни таслияти шаҳодати сардори сипаҳбуд - Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид карданд, интиқоми сахте дар интизори ҷинояткороне аст, ки дасти палиди худро ба хуни ӯ ва дигар шуҳадои ҳодисаи дишаб олуданд.