(ABNA24.com) Бинобар қонуни ин кишвар дар бораи ҷашнҳо, рӯзи истиқлоли Қазоқистон рӯзҳои 16 ва 17 декабр таҷлил мешавад.
Ба гузориши Форс, раисони ҷумҳури кишварҳои мухталиф ва созмонҳои байналмилалӣ дар паёмҳои ҷудогона ба раисиҷумҳур ва мардуми Қазоқистон, рӯзи истиқлоли ин кишварро табрик гуфтанд.
Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури феълӣ ва Нурсултон Назарбоев, нахустин раисиҷумҳур ва пешвои миллати ин кишвар дар маросимҳои ин рӯз ширкат ва ба мардуми кишвари худ табрик гуфтанд.
Дафтари додситонии кулли Қазоқистон дар иттилоияе бо ишора ба даъвати бархе афрод аз ҷумла кишварҳои хориҷӣ барои баргузории тазоҳуротҳои ғайри қонунӣ, аз мардуми ин кишвар хост то ба манзури ҷилавгирӣ аз нақз қавонин, муҳофизат аз ҳуқуқ ва озодии афрод дар тазоҳуротҳо ширкат накунанд.
/129
18 Декабр 2019 - 04:27
News ID: 994644
Маросими вижаи 28-умин солгарди истиқлоли Қазоқистон ба муддати ду рӯз дар иин кишвар оғоз шуд.