Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Ал-Маълума, Алӣ ал-Фатловӣ, сухангӯи расмии ҷунбиши Ансоруллоҳи ал-Авфияи Ироқ вобаста ба гурӯҳҳои муқовимати исломии ин кишвар таъкид кард, ки шабакаҳои моҳвораии Ал-Арабия, Ал-Ҷазира ва Ал-Ҳадас лоиҳаи ҳадафманд ва барномарезӣшуда алайҳи гурӯҳҳои муқовимат ва силоҳи онҳоро пайгирӣ мекунанд.
Ӯ илова кард, ки ин шабакаҳои арабӣ ба дунболи халалдор кардани обрӯи роҳбарони муқовимат ва касоне ҳастанд, ки бо таслим шудан ба унсурҳои пушти пардаи ин шабакаҳо мухолифат кардаанд. Хати хабарӣ ва сиёсии ин шабакаҳо алайҳи ҷараёни шиа бо ҳадафҳои тоифагӣ ва ҳадаф гирифтани суботи дохилӣ пайгирӣ мешавад.
Ал-Фатловӣ гуфт: Чаро ин шабакаҳо фасоди бузургеро, ки дар байни баъзе шахсиятҳои ироқӣ вуҷуд дорад, пайгирӣ намекунанд ва танҳо ба дунболи халалдор кардани обрӯи нерӯҳои муқовимат ҳастанд?
Your Comment