Ба гузориши хабаргузории Абно, лаҳазоте пеш, ду парвози бесарнишини шиносоии амрикоӣ аз навъи MQM-170 дар осмони ҷануби ҷазираи Қишм бо амали системаҳои пешрафтаи ҷанги электроникии Нерӯи ҳавоӣ-фазоии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ замингир карда шуданд.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд: бо ҳисоби ин ду парвоз, шумораи парвозҳои бесарнишини амрикоӣ аз ин навъ, ки ба ғанимати афсарони нахбаи Сипоҳ даромадаанд, ба чор парвоз расидааст. Бо ин тартиб, душмани таҷовузгари амрикоӣ бори дигар дар расидан ба ҳадафҳои мавриди назари худ аз истифодаи ин парвозҳо ноком шуд ва ба фазли Худо, варақи дигаре аз шикаст ва нокомӣ ба корномаи сиёҳи Брэд Купер, фармондеҳи террористии СЕНТКОМ, илова шуд.
Your Comment