Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз RT, Марк Карнӣ нахуствазири Канада таъкид кард, ки дар сурати дастнорасӣ ба созишномаи тиҷоратии мусоид бо Доналд Трамп, мумкин аст кишвараш мунтазири раиси ҷумҳури нави Амрико шавад.
Ӯ афзуд, ки канадагиҳо аз танишҳои сиёсӣ бо Амрико хаста шудаанд ва Оттава ҳеҷ гоҳ созишномае, ки ба манфиати Канада набошад, имзо нахоҳад кард.
Карнӣ тасреҳ кард: кишвари мо имконоти иқтисодии худро бо ҳамкории шарикони Иттиҳодияи Аврупо ва бозорҳои тиҷорати озод густариш медиҳад ва ҳеҷ гоҳ сиёсатҳояшро аз тарси вокуниши Трамп тағйир нахоҳад дод.
Ин суханони Карнӣ баъд аз шикасти музокироти Оттава ва ҷанги тарофаҳои гумрукӣ байни Канада ва Амрико ба миён омад. Трамп пештар бо мавқеъгирӣ алайҳи Канада хостори пайвастани ин кишвар ба Амрико ҳамчун яке аз иёлатҳои он шуда буд!
Your Comment