Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Ал-Маълума, қабилаҳои минтақаҳои Розиҳ, Шадо ва Ғамр дар вилояти Саъда бо баргузории нишасти густурда бар омодагии баланди худ барои рӯёрӯӣ бо таҷовузи душмани саудӣ таъкид карданд.
Онҳо тасреҳ карданд, ки омодаи иҷрои дастурҳои Абдулмалик ал-Ҳусӣ, раҳбари Яман, барои ба анҷом расонидани набард бо душманон ҳастанд. Ҷиноятҳои саудиҳо дар минтақаҳои сарҳадии Яман нишондиҳандаи шикасти онҳо дар майдонҳои набард аст.
Дар ин нишаст бар ҳимоят аз нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баробари таҷовузгарон ва ишғолгарон таъкид шуд.
Ҳамчунин дар вилояти Ҳаҷҷа қабилаҳои минтақаи Ал-Мифтоҳ дар ҷараёни нишасти худ аз ҳамоҳангии умумӣ барои муқобила бо таҷовузи душмани саудӣ ва хотима додан ба муҳосираи золимонаи Яман хабар доданд.
Your Comment