Ба гузориши хабаргузории АБНА, Ҳокон Фидан, вазири умури хориҷии Туркия рӯзи чоршанбе гуфт, ки Исроил дар ҳоли ҳозир «бузургтарин таҳдид» барои суботи Сурия ба шумор меравад, зеро ба гуфтаи ӯ, Исроил кишварҳои ҳамсояи қавӣ ва босуботро таҳдид барои худ медонад.
Фидан дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар ҷараёни сафараш ба Димишқ ва пас аз мулоқот бо Ҷулонӣ гуфт: таҳдиде, ки дар ҳоли ҳозир бештарин иқтидорро барои бесубот кардани Сурия дорад, Исроил аст.
Ӯ афзуд, ки масъалаҳои дигари марбут ба Сурия дар тӯли ду соли гузашта дар масири мусбат ҳаракат кардаанд, аммо Исроил ба он алоқаманд нест, ки кишварҳои ҳамсояаш қавӣ ва босубот бошанд ва чунин вазъиятро таҳдид алайҳи худ талаққӣ мекунад.
Фидан гуфт: ба сабаби таърифе, ки Исроил аз ин таҳдид дорад, алайҳи ин кишварҳо амалҳои бесуботкунанда анҷом медиҳад.
Хабаргузории «Йени Шафақ» гузориш додааст, ки мулоқоти вазири умури хориҷии Туркия бо Ҷулонӣ тақрибан ду соат тӯл кашидааст.
Your Comment