Ба гузориши хабарии Абно, рӯзномаи «Ҷерузалем Пост» бо нақл аз манобеи дипломатии минтақавӣ гузориш дод, ки режими сионистӣ дар пайи ташдиди ҳамлаҳои артиши Яман ба ҳадафҳо дар Арабистони Саудӣ, кӯмакҳои иттилоотиро дар ихтиёри Риёз қарор додааст.
Бар асоси ин гузориш, гуфтугӯҳо миёни ду тараф бо миёнаравии Фармондеҳии марказии Амрико (СЕНТКОМ) анҷом шудааст ва ҳадафи он кӯмак ба Арабистони Саудӣ барои дастрасӣ ба тасвири иттилоотии густурдатар аз ҷойгиршавии нерӯҳо ва ҳаракатҳои артиши Яман унвон шудааст.
«Ҷерузалем Пост» даъво кардааст, ки ин раванд пас аз он оғоз шуд, ки «Муҳаммад бин Салмон», валиаҳди саудӣ, дар рӯзҳои ахир хостори дарёфти кӯмак барои муқобила бо ҳамлаҳои артиши Яман шуд.
Арабистони Саудӣ ва режими сионистӣ равобити расмии дипломатӣ надоранд, аммо дар тӯли солҳои гузашта тамосҳои ғайрирасмӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ миёни ду тараф гузориш шудааст.
Your Comment