Ба гузориши хабарии «Абна» ба нақл аз «Анатолӣ», реҷими Исроил дар посух ба қарори ҳукумати Британия оид ба манъи воридоти молҳои истеҳсолшуда дар шаҳракҳои яҳудӣ, аз бастани консулгарии Британия дар Қудс ва манъи воридшавии 12 мақоми бритониёӣ ба сарзаминҳои ишғолшуда хабар дод.
Дар ин робита, Гидеон Саъар, вазири корҳои хориҷии реҷими сионистӣ, қарори Британияро «аҳмақона» тавсиф кард ва ҳукумати Ҳизби меҳнаткашро ба «тарғиби яҳудситезӣ» муттаҳам кард.
Яир Лапид, раҳбари мухолифини кабинети реҷими сионистӣ низ қарори Британияро «хатои бузург» донист ва гуфт, ки кабинети Нетаняҳу масъули эҷоди «ҷудошавии дипломатии бесобиқа» барои Исроил мебошад.
Ҳамчунин "Итсҳак Ҳертсуг", раиси реҷими сионистӣ таҳримҳои Британияро «дахили ошкор» дар интихоботи умумии Исроил, ки қарор аст 27 октябри оянда баргузор шавад, хонд.
Британия рӯзи сешанбе аз қарори худ оид ба манъи тиҷорати молҳои истеҳсолшуда дар шаҳракҳои яҳудинишини соҳили ғарбии ишғолшуда хабар дод.
Your Comment