Ба гузориши хабарии «Абна» ба нақл аз «Ал-Маядин», нархи нафт дар муомилоти ибтидоӣ як доллар афзоиш ёфт ва шартномаҳои ояндаи нафти хоми Брент бо нархи 99.49 доллар барои ҳар бочка сабт шуд. Нархи нафти хоми Вест Тексас Интермидиейт низ ба зиёда аз 94 доллар расид.
Ин афзоиши нарх пас аз посухи қатъии Посдорони Инқилоби Исломӣ ба таҷовузҳои артиши террористии Амрико дар халиҷи Форс сурат гирифт. Ин раванд боиси он гардид, ки нархи нафти хоми Брент нисбат ба аввали август 25 дарсад афзоиш ёбад.
Имрӯз субҳгоҳи раёсати робитаҳои умумии Посдорони Инқилоби Исломӣ дар эъломияе хабар дод, ки ношкенҳои ҷангии DDG-119 ва DDG-53 дорои мушакҳои круиз ва системаи Эҷис ҳадаф қарор гирифтанд.
Your Comment