Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт (Абна) – Хазрати Оятуллоҳ Сайид Мудҷтабо Ҳусейнии Хоманаӣ, Роҳбари Олии Инқилоби Исломӣ, дар паёми худ ба муносибати Ҳафтаи Ваҳдат, бо табрики солгарди хушбахтонаи таваллуди Ҳазрати Хотами Мартабат Муҳаммади Мустафо (с) ва Ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ (а), барномаи бадхоҳон ва душманони исломро барҷастасозии ихтилофот барои заиф кардани уммати исломӣ ва тасарруф бар он хонданд ва бо ишора ба афтодани ниқобҳои фиребанда аз чеҳраи ҷинояткори Амрико, иттиҳоди уммати исломӣ ва ҳимояти якдигар дар муқобили куфр ва ҳамкориро дар масъалаҳои гуногуни моддӣ ва маънавӣ зарур шумориданд ва ба ҳокимони кишварҳои исломӣ муроҷиат карда таъкид намуданд: Ҳокимони ҷинояткори Амрико ва низоми сохтаи сионистӣ душманони савгандхӯрдаи иттиҳоди исломӣ ва тамоми уммати исломӣ, аз ҷумла миллатҳои Ғарби Осиё ва Шимоли Африқо мебошанд, бинобар ин душмани воқеии худро бишносед ва бо нақшаи он мубориза кунед.
Ӯ инчунин бо ишора ба таҳаққуқи қобили қабули дарсҳои ваҳдатбахши мактаби исломӣ дар Эрони азиз, бори дигар ба мардум тавсия карданд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ нагузоранд ягон ихтилоф миёни худ пайдо шавад.
Your Comment