Ба гузориши агентҳои хабаррасонии «Абна» ба нақл аз RT, Чак Граслӣ, раиси кумитаи судии Сенати Амрико, ҳамроҳи Рон Ҷонсон, сенатори дигари амрикоӣ, бо фиристодани номаи муштарак ба Вазорати адлия нисбат ба ҳуҷҷатҳои бадастомада, ки ифодакунандаи таснифоти нодурусти иттилоот аз ҷониби Идораи таҳқиқоти федералӣ (FBI) мебошад, изҳори нигаронӣ карданд.
Дар ин нома омадааст, ки ин амал ба назар ба таври қасдона барои монеъ шудан дар роҳи дастрасии Конгресс ба иттилоот анҷом шудааст.
Бар асоси ин гузориш, номаи сенаторҳои амрикоӣ ба амалиёти таҳқиқоти дохилии анҷомдодаи FBI дар бораи Ҷо ва Ҳантер Байден пеш аз интихоботи соли 2020 ишора дорад. Граслӣ таъкид кардааст, ки ин ҳуҷҷатҳо дар анбори махфии баста нигоҳ дошта шудаанд, то касе натавонад онҳоро баррасӣ кунад.
Қаблан Кирилл Дмитриев, раиси Фонди сармоягузории Русия эълон карда буд, ки пинҳон нигоҳ доштани фасоди Байден ниёзманди як созукори васеъ аст, ки ҳанӯз ҳам фаъол ба назар мерасад.
Your Comment