Ба гузориши агентӣ хабарии «Абно» ба нақл аз «Ал-Ҷазира», Вазорати умури хориҷаи Амрико пас аз ҳушдори қаблии худ дар бораи сафар ба 23 кишвари ҷаҳон, бори дигар аз афроди ин кишвар хоҳиш кард, ки ба сабаби шароити амниятии Ғарби Осиё, дар нақшаҳои сафари худ ба ин минтақа таҷдиди назар кунанд.
Қисмати консулии Вазорати умури хориҷаи Амрико ҷумъа шаб ба вақти маҳаллӣ, бидуни ишора ба нақши Вашингтон дар шиддат бахшидани ноамниҳои минтақавӣ, эълом кард, ки дар пайи афзоиши шиддатҳо, вазъияти амниятӣ дар Ғарби Осиё то ҳол мураккаб буда ва эҳтимоли таҳаввулоти пешбининашуда вуҷуд дорад.
Your Comment