Ба гузориши агентии хабарӣ «Абна», полковники ситод Иброҳим Зулфақорӣ, сухангӯи Қароргоҳи марказии Хотам-ул-Анбиё, дар ҳушдор ба душманон изҳор кард: ба инфрасохтор зарба занед – ҳар чи инфрасохтор дар минтақа боқӣ мондааст, мо мезанем.
Матни пурраи суханони полковники ситод Иброҳими Зулфақорӣ ба ин шарҳ аст:
Амрикои ҷинояткор, ҳанӯз ба туғёнгарӣ ва нoaмн сохтани минтақа идома медиҳад.
Аввалан, боз таъкид мешавад, ки дар ҳеҷ шароит ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба Амрико ҳамчун кишвари бегона ва берун аз минтақа, иҷозаи дахолат дар гулӯгоҳи Ҳурмуз намедиҳем. Ин, хати сурхи шикастнопазири Эрон аст.
Дар сурате ки таҳдидҳои охирини раиси ҷумҳурии аз дарун холӣ – яъне Амрико, дар бораи ҳадаф қарор додани инфрасохтори Эрони исломӣ аз ҷониби артиши таҷовузкори он кишвар амалӣ шаванд, ҳар он чи ки ба сабаби наҷобати Эрон ҳанӯз солим мондааст – яъне ҳамаи инфрасохтор дар минтақа – дар зарбаҳои фулодии нерӯҳои мусаллаҳи пурқудрати Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳв карда мешавад; чунон ки асаре аз онҳо намонад ва гӯё ки аз ибтидо вуҷуд надоштаанд.
Душмани нодон бидонад: лаҳзаи ҳамоса барои мо, лаҳзаи парҳез нест. Он чӣ аз сӯи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рух медиҳад, зарбаи ҳамтариз нест, балки зарбаи бартар аст. Зарбаҳое, ки шадидтар, васеътар ва харобкунандатар аз ҳама вақт хоҳад буд. Оташи хашми миллате, ки ҳеҷ гоҳ таслим нашудааст, домони таҷовузкорро хоҳад сӯзонд.
Your Comment