16 Июл 2026 - 11:29
Source: ABNA
Ҳамлаи шадиди ҳавоӣ ба маркази Ғазза

Манбаъҳои хабарӣ аз вайронкунии васеи оташбас аз ҷониби режими сиёнистӣ ва ҳамлаи шадиди ҳавоии ин режим ба маркази Ғазза хабар доданд.

Ба гузориши агентии хабарӣ «Абна», манбаъҳои фаластинӣ эълом карданд, ки режими сиёнистӣ, лаҳзаҳое пеш, минтақаи Ал-Барка дар шаҳри Дайру-л-Балаҳ, ки дар маркази ноҳияи Ғазза ҷойгир аст, бо ҳамлаи шадиди ҳавоӣ ҳадаф қарор дод.

Ҳамчунин манбаъҳои фаластинӣ баён карданд, ки режими сиёнистӣ лагери Ал-Бурайҷ, ки дар маркази ноҳияи Ғазза ҷойгир аст, ҳадаф қарор дод, ки дар натиҷаи он як нафар захмӣ шуд.

Манбаъҳои фаластинӣ эълом карданд, ки бо шаҳодати як нафари дигар дар Ғазза, шумораи шаҳидони ин минтақа дар натиҷаи ҳамлаҳои режими сиёнистӣ дар ноҳияи Ғазза, аз субҳи имрӯзи чоршанбе ба 4 нафар расид.

Your Comment

You are replying to: .
captcha