Ба гузориши агентӣи хабарӣи Абна ба нақл аз «Ал-Ҷазира», Бадр ал-Бусайдӣ, вазири умури хориҷаи Умон, таъкид кард: «Дар айни ҳол гуфтушунидҳои мураккабе барои таҳияи як механизми дарозмуддат бо ҳадафи таъмини озодии ҳаракати киштиҳо дар гулӯгоҳи Ҳурмуз сурат мегирад».
Вай илова кард: «Мо масъулияти ҳамкорӣ бо Эрон ва ҷомеаи байналмилалӣ барои расидан ба механизми таъминкунандаи озодии ҳаракати киштиҳоро бар ӯҳда дорем».
Вазири умури хориҷаи Умон изҳор дошт: «Хатарноктарин таҳдидҳо барои амнияти халиҷи Форс на аз дохили он, балки аз тасмимҳо ва таҳаррукоти берун аз ин минтақа, хусусан аз сӯи Тел-Авив сарчашма мегиранд».
Вай таъкид кард: «Бояд муносибатҳо бо Амрико аз нав танзим карда шаванд, то бо воқеиятҳои стратегии дар рафти ҷанг ошкоршуда, ҳамоҳангии бештар дошта бошанд. Ҷанги кунунӣ фоҷиабор буд ва ҳеҷ иҷозате аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид надошт ва ҳеҷ як аз ҳадафҳои худро амалӣ насохт».
Your Comment