Ба гузориши агентӣ хабарии «Абно», ҷунбиши муҷоҳидини Фаластин дар посух ба ҳамлаи режими сионистӣ ба маросими ташкиёз дар лагери Найсайроти Ғазза эълом кард, ки ҳадаф қарор додани мотамдорон, нишонаи исрори ишғолгарон бар идомаи ҷанги куштор бар зидди миллати Фаластин мебошад.
Ин ҷунбиш бо нашри эъломияе, ҳукумати Амрико ва дигар кишварҳои ҳомии режими сионистиро ба пуррагӣ масъули идомаи куштор ва ҷиноятҳои содиршуда дар ноҳияи Ғазза донист ва таъкид кард, ки дастгириҳои сиёсӣ ва низомӣ аз ин режим, заминаи идомаи ин ҳамлаҳоро фароҳам овардааст.
Ҷунбиши муҷоҳидини Фаластин инчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва афкори умумӣ хоҳиш кард, ки бо шиддат бахшидан ба фишорҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва мардумӣ, барои боздоштани ҷанг, хотима додан ба ҷиноятҳо ва рафъи муҳосираи ноҳияи Ғазза амал кунанд.
Манбаъҳои беморхонаӣ дар Ғазза эълом карданд, ки рӯзи ҷумъа дар пайи ҳамлаи режими Исроил ба корвони мотамдорӣ дар лагери Найсайрот, ҳадди ақал 8 нафар шаҳид ва 20 нафари дигар захмӣ шуданд.
Your Comment